Бо амру фармонҳои президенти мамлакат ва қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар як қатор вазорату идора ва мақомоту сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумат Саиднахш Раҳмонзода ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, Ғафур Муҳсинзода ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Самариддин Ализода ва Зулфия Абдусаматзода ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Саида Умарзода аз вазифаи муовини якум, Азиз Одиназода ва Мирҳамуддин Камолзода аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод шуданд.
Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумати ҶТ, Субҳиддин Шамсиддинзода муовини якум ва Дилафрӯз Рустамзода муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ таъин гардида, Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва Сайрам Бақозода аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.
Мутобиқи моддаи 9-уми қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи сардори шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон розигӣ дода шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот Сардори давлат кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳо таъиншударо ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар қабули қарорҳои ба манфиати миллату давлат созгор ҳидоят намуд.
Тарбияи кадрҳои соҳибтаҷриба ва бозомӯзии кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ ва супоришҳои мушаххаси Президенти Тоҷикистон буданд.
“Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, амнияту суботро дар мамлакат таъмин намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи ҳукумати ҷумҳуриро саривақту сифатнок таъмин намоем,»- иброз дошт Пешвои миллат дар анҷоми мулоқот.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста