Таъсири манфии коронавирус ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, қонуншиканӣ дар масоили ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти озуқаворӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва ҷанбаҳои дигар рӯзи 3-юми июл дар мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимнан ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд.

Паёмади коронавирус

Раисҷумҳур изҳор дошт, ки новобаста ба чораҳои андешидаи ҳукумати мамлакат дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус, хуруҷи он ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд низ таъсири манфӣ расонид.

“Ба тасвиб расидани фармони Президенти ҶТ “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии КОВИД-19 ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи иқдомоти ҳукумати мамлакат мебошад, ки ба дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ нигаронида шудааст. Ин тадбири муҳим аз ҷониби аҳолӣ, роҳбарону кормандони корхонаҳо ва соҳибкорон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Татбиқи он натиҷаҳои самарабахш ба бор оварда, ба зудӣ пеши роҳи паҳншавии босуръати ин бемории хавфнок гирифта шуд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бо таваҷҷуҳ ба таъсири бемории коронавирус ба иқтисоди миллӣ ҷалби бештари сармояи мустақими дохилию хориҷӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоту содирот ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ зарур шуморида шуд.

Сарвари давлат ҳамчунин ба масъалаи рушди соҳаи саноати вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки дар панҷ моҳи соли 2020 дар ҳудуди вилоят 29 корхона бо 370 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 10 корхона доир ба истеҳсоли хӯрокворӣ, 5 корхонаи дӯзандагӣ, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон таъсис дода шудааст. Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат ҳиссаи вилояти Суғдро ба 51 фоиз ва суръати рушди онро то 18 фоиз мерасонад, вале дар муқоиса бо имконияту захираҳои мавҷуда, ин нишондиҳандаҳо ночиз мебошанд.

Ба таъкиди ӯ, бо чунин нишондиҳандаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мушкил мегардад. Дар ин росто зарур дониста шуд, ки барои таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Вазъи соҳаи тандурустии вилояти Суғд

“Дастрасии аҳолӣ, махсусан, сокинони деҳоти дурдаст ба хизматрасонии тиббӣ қонеъкунанда нест”, - гуфт раисҷумҳур. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вазифадор карда шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ҳалли ин масъалаҳо тадбирҳои фаврӣ андешад.

“Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти нави тандурустӣ, таҷдиду таҷҳизонидани муассисаҳои тиббии таъмирталаб ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Илова бар ин, масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки танҳо дар 5 моҳи сипаришудаи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 123 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст ва дар соли 2021 ифтитоҳи боз 60 иншооти тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар вилоят 1114 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 1073 муассисаи давлатии тиббӣ ва 41 муассисаи хусусӣ фаъолият дорад.

Ба хотири беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳамин тавр омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустии вилоят ба ҳолатҳои фавқулода, ба мисли хуруҷи дигарбораи бемориҳои гуногуни сироятӣ, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ ва ташхису табобати бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ зарур шуморида шуд.

Қонуншиканӣ дар масоили ҳифзи саломатии аҳолӣ

Иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифтааст. Зимнан ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муомилоти маводи дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ва бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ машғул шудан ба фурӯши маводи доруворӣ, азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд. Дар натиҷаи санҷишҳо 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, аз ҷониби ҳукумати мамлакат бо мақсади пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 ва фавран бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт, ҷудо кардани маблағ барои таъмини таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардонӣ чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд. Вале санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор кардаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд.

Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ карда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст.

Сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22-юми май ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омодакардаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст. Ғайр аз ин, ӯ такроран 23-юми май 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омодакардаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

1/8

Амнияти озуқаворӣ

Зимни суханронӣ сарвари давлат ҳамчунин ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин ва ба ин васила таҳкими амнияти озуқавории мамлакат дахл карда, таъкид дошт, ки дар шароити паҳншавии бемории КОВИД-19 ва маҳдуд шудани содироти маводи ғизоӣ, аз ҷумла гандум аз ҷониби як қатор кишварҳо, андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ муҳим буда, дар ин самт ҳамаи имкониятҳо бояд самаранок истифода шавад.

Дар робита ба ин, роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои президентӣ, гузаронидани кишти тақрорӣ, ташкили гармхонаҳо ва боз ҳам баланд бардоштани маданияти истифодаи замин корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бештар кунанд.

“Ҳар як оила барои 2 сол маводи ғизоӣ захира кунад”

Раисҷумҳур ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи вилояту шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дастур дод, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, махсусан муассисаҳои таълимӣ, инчунин бо назардошти вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани мушкилиҳо дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ дар ҳар як оила барои ду сол захира кардани маводи ғизоӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва нуқсонҳои дигар

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иҷрои қонунгузорӣ оид ба молия ва буҷети давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, санҷишҳои прокурорӣ оид ба тақсимоти замин, риояи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят низ мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Раисҷумҳур иброз дошт, ки дар давоми соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ санҷишҳо дар самти иҷрои қонунгузорӣ оид ба молия ва буҷети давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Деваштич ва Спитамен ҳолатҳои тасарруф ва хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор намуд. Дар натиҷа 55 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 14 миллион сомонӣ зарар ошкор ва ба буҷет барқарор карда шудааст.
Санҷиш дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Спитамен, Деваштич ва Айнӣ ҳолатҳои беасос пардохт накардани музди меҳнат ё тасарруфи маблағҳои музди меҳнатро ошкор кардааст, ки дар натиҷа оид ба ин ҳолатҳо 22 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Зимни санҷишҳои вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҳолатҳои бо вайрон намудани қонуни зикршуда гузаронидани ҷашни зодрӯз, хатнасур ва тӯйи домодиву арӯсӣ ошкор гардидаанд ва 380 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 325 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Хариду фурӯши ғайриқонунии замин

Дар самти вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба истифодаи мақсадноку самараноки замин 446 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 337 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 8700 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ вобасташуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Барои ғайриқонунӣ додани замин ва хариду фурӯши он нисбат ба 3 нафар шахсони масъули кумитаҳои идораи замин, 7 нафар кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, 12 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳот ва 17 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ

Дар соли 2019 дар ҳудуди вилоят 6378 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 295 ҷиноят ё 5% зиёд мебошад.

Афзоиши ҷинояткорӣ асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта – 178 ҳолат, ғоратгарӣ – 181 ва худсарона ишғол кардани замин – 84 ҳолат сурат гирифтааст.

Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли 2019-ум 189 ва шаш моҳи соли ҷорӣ 109 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Дар соли 2019 ва панҷ моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 120 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба қайд гирифта шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 353 килограмм чунин воситаҳо мусодира шудаанд.

Дастоварду норасоӣ

Сипас раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба дастовардҳои мардуми вилоят, инчунин камбудию норасогии ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ маълумот дод. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади зиёд кардани ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ Ситоди вилоятӣ таъсис дода шуда, тасмим аст, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳамин ҳисоб боз 300 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, асосан дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ сохта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоятро вазифадор кард, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия то ҷашни 30-солагӣ бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ ва ҳамин тавр омодагии ҷиддии муассисаҳои тандурустии вилоят ба хуруҷи эҳтимолии мавҷи дуюми бемории КОВИД-19-ро зери назорати қатъӣ қарор диҳад.