Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 сентябр ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани як қатор иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории ҶДММ “Суғдиён-Свердловск”-ро ба истифода дод.

Иқтидори корхонаи мазкур дар самти барориши чӯҷа ба 2 млн 970 ҳазор сар баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро ба чӯҷаи якрӯза таъмин намояд.

1/10

дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ кард. Мактаб барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ иборат аст.

1/9

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и деҳоти Оббурдон шинос шуд. Дар ҳамин ҷо ӯ аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан кард.

1/11

Дар ҳамин ҷамоат сарвари давлат ба фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар оғози расмӣ бахшид. Масоҳати умумии иншоот 2 гектарро дар бар мегирад.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна ширро  коркард намояд. Ҳамчунин дар корхона дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан, барои маҳсулоти ширии худи ҳамин коргоҳ пешбинӣ шудааст.

1/7

Дар деҳаи Фотеҳобод президентаз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид намуд. Дар ин ҷо беш аз 200 сар чорвои калони шохдор, 560 сар моли майда, 25 сар асп, 6 шутур, 12 шутурмурғ ва 10 ҳазор  сар мурғи гуштӣ парвариш карда мешавад.

1/10

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон сарвари давлат ба фаъолияти кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” оғоз бахшид, ки  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст Дар тарабхонаи “Бӯстон” Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом дода, ба 50 нафар ятими ноҳияи Мастчоҳ тӯҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим кард.

1/5

Дар шаҳраки Бӯстон президент дар маросими ифтитоҳи бинои нави Маркази адлия

1/5

... бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия

1/5

.... барафрохтани Парчами давлатӣ

1/7

 низ иштирок кард.

Ҳамчунин бо ҳузури президент дар шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия, Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”, Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст, Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ва Варзишгоҳи марказии ноҳия бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.