Дар 8 моҳ: 40 ҳазор аризаву муроҷиат ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Хатлон

Ҳар рӯзи шанбе дар Тоҷикистон раисону шаҳру ноҳия ва вилоятҳо муваззаф шудаанд, ки шаҳрвандонро қабул ва арзу додашонро шунаванд. Ҳамчунин ин раисон вазифадоранд на танҳо арзу додро шунаванд, балки мушкили мардумро ҳал низ кунанд. Вале дар ҷомеа сару садоҳо аст, ки аксари ин “рӯзҳои қабул” қолабӣ шудаанду барои ҳисобот баргузор мешаванд.

Хабарнигори Азия-Плюс дар вилояти Хатлон, мустақиман ба назорати ин рӯзҳои қабул рафт ва дар қабули шаҳрвандон аз сӯйи раисони се ноҳияи ин вилоят: Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Балхӣ ширкат кард.

22 август. Қабулгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода.  Дар қабул ба ҷуз худи раис, ҳамчунин раисони ҷамоат ва идораву ташкилоти давлатӣ низ ширкат доштанд.

Чанд соли ахир мушоҳида мешавад, ки аризву муроҷиати  сокинон ба ҳукуматҳо аз ҳама бештар марбут ба мушкилоти замин аст. Дар ин рӯз, дар ин ноҳия низ сокинон аз ҳама бештар доир ба ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузории замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дархост барои расонидани ёрии иҷтимоӣ муроҷиат карда буданд.

Қумринисо Куганова сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳор изҳор дошт, ки 8 фарзанд дорад, ки 6 нафари он хонандаи мактаби № 5 ноҳия мебошанд. Аз мактаб пули китобу либос, обуна ва таъмир талаб мекунанд. Ман имкони пардохи ҳамаи инро надорам. Аз ҷойе даромад надорем ва аз ҳисоби як фарзанди маъюбам 115 сомонӣ нафақа мегирем, ки зиндагиямонро бояд бо ҳамон гузаронем. Ин зан мегӯяд, ки дар як ҳавлӣ се оила зиндагӣ мекунем, солҳост аз ҳукумати ноҳия замини наздиҳавлигӣ пурсидем, то имрӯз ҷудо нашудааст. Ин зан ба раиси ноҳия гуфт, ки кӯдаконам бо либоси куҳнаи дигарон ба мактаб мераванд:

“Ҳарчанд шумо супориш дода будед, ки аз ҳисоби замини умумии оилавиамон ба мо як қитъа замин ҷудо карда шавад, нашуд. Шавҳарам аз баҳсҳои зиёд бемор шудааст.  Ба суд муроҷиат кардем аризаи ман аз 12-июл дар суди ноҳия қарор дорад”.

Раис ва ҳуқуқшиноси ноҳия ба Куганова маслиҳат доданд, ки баҳси замини Шумо ба василаи суд бояд ҳал шавад. Мо меомӯзем, ки чаро аризаи Шумо то ҳол баррасӣ нашудааст. Ҳамчунин раиси ноҳия ба раиси ҷамоати Навбаҳор супориш дод, ки барои фарзандони ин зан ҷузвдон, либоси мактабӣ ва дигар ашёи дарсиро бихаранд,  дар харидани маводи ғизоӣ низ ёрӣ кунанд.

Парвина Солиева, сокини ҷамоати Меҳнатобод низ ҳамин гуна дархост дошт, аммо раиси ноҳия ба ӯ гуфт, ки ноҳия фонди манзил надорад ва наметавонанд замин бидиҳандаш, аз ин рӯ имкон ҳаст дар доираи Барномаи давлатии муҳоҷирати дохилӣ аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Шаҳритус ва Носири Хисрав замин гирад.

Дар баробари ин, ду зани дигар ба раиси ноҳия, яке аз муносибати дағалонаи директори яке аз мактабҳои ноҳия ва дигаре аз муовини яке аз ҷамаотҳо шиква карданд. Мо шоҳид шудем, ки барои санҷидани ин шикоят супориш шуд, ки гуруҳи корӣ ташкил шавад. Дар ин рӯз аз ҷамъи муроҷиатҳо 7 ҳолат вобаста ба замин, 2 ҳолат ёрии иҷтимоӣ, 2 ҳолат шикоят аз муносибати дағалонаи мансабдорон ва 2 ҳолати дигар марбут ба ободонӣ буд.

Мувофиқи маълумоти расмии ҳукумати ин ноҳия то 1.09.2020 ба мақомоти Кӯшониён 2416 адад аризаву дархост ворид шудааст.

Asia-Plus

Ба қабули раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ёқуб Саидзода дар ин рӯз (29 август) 30 нафар омада буд. Аз сабаби он ки шикояту дархостҳо вобаста ба замин зиёд будаанд, дар рӯзҳои қабул комиссияи ҷамъиятии вобаста ба замин ҳам иштирок мекунад ва масоили марбут ба заминро ба дӯши худ мегиранд. 90% муроҷиаткунандагони ин ноҳия ҳам вобаста ба замин арз доштанд. Аксари онҳое, ки мушкили гирифтани замини наздиҳавлигӣ доштанд, посухи рад мегирифтанд.

Раиси ноҳия ба як зану шавҳари маъюб, ки дархости замин барои бунёди хонаро доштанд, посухи ғайримуқаррарӣ дод. Гуфт, мо имкони замин додан надорем, вале шуморо метавонем дар яке аз масҷидҳое, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанду фаъолияташон манъ карда шудааст, ҷой кунем. Дар ин ноҳия сокинон ба ҷуз мавзӯии замин аз кам будани ҳаҷми нафақа низ шикоят карданд.

Раиси ноҳия гуфт, ки то 1.09.2020 аз шаҳрвандон 2078 аризаву шикоят пазируфтаанд.


12 сентябр  ба рӯзи қабул дар ҳукумати ноҳияи Балхӣ рафтем. Раиси ноҳия худ дар пазируфтани шаҳрвандон ширкат надошт, муроҷеинро муовинонаш қабул мекарданд. Сабаби ҳузур надоштани раиси ноҳияро ба мо нагуфтанд. Дар ин ноҳия ҳам аз 11 нафар муроҷиаткунанда 5 нафар барои мушкили замин ва боқимонда барои ёфтани ҷойи кору кумаки иҷтимоӣ муроҷиат намуда буданд.

Аз рӯйи маълумоте, ки мо аз ҳукумати Балхӣ ба даст овардем дарр ҳашт моҳи соли 2020 ба мақомот 1840 аризаи катбӣ: 188-то ба раиси ноҳия, 98-то ба муовинони раис, 28-то ба раиси дастгоҳи ҳукумат ворид шудааст. 188 сокини дигари ноҳия мустақиман ба рӯзҳои қабул омадаанд.

Агар дар бархе ноҳияҳо ба гуфтаи раисон имкони  додани замини наздиҳавлигӣ умуман вуҷуд надошта бошад, дар бархе ноҳияҳои дигар заминҳои фонди манзил ҷудо шудааст, аммо сокинон ба далели набудани зерсохтҳои зарурӣ ин ҷойҳоро намепазиранд. Яъне набудани роҳ, оби нӯшокӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактаб ва ғ.


Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо дар вилояти Хатлон 29 362-то муроҷиат ба ташкилоту идораҳои дахлдор фиристода, 10 516-то баррасӣ, 4 387-то ба соҳибонашон масъалаи дархостшуда фаҳмонда,  583-то дар баррасӣ ва 28 ариза рад карда шудааст