Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи бекор кардани ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумон Бахтовар Сафарзода ба баррасӣ гузошта шудааст.

Имрӯз ӯ инчунин аз ҳайати Кумитаи парлумон оид ба умури байнулмилалӣ, иттилоот ва робита бо ҷомеа хориҷ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Бахтовар Сафарзода намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин шуд ва дар ин робита, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ваколатҳои худро дар парлумон месупорад.

Бахтовар Сафарзода моҳи марти соли равон аз ҳавзаи интихоботии Вахш вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.