Ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ рӯзи 30 октябр аз соати 9-и субҳ маросими сари мансаб омадани президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман пахш мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб дар маҷмааи давлатии “Кохи Сомон” бо иштироки вакилони ҳар ду палатаи парлумон, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилояҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Қабл аз оғози маросим каме пештар аз вақти маъмулӣ дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ иҷлосияи навбатии муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, сипас вакилон ба маҷмааи “Кохи Сомон” мераванд.

Кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ намоиши маросими савгандёдкунии сарвари давлатро дастаҷамъона тариқи телевизиону радио дар толори маҷлисгоҳҳо тамошо мекунанд.

Маросими савгандёдкунии президент нахуст дар қароргоҳи ҳукумати кишвар дар маҷмааи “Кохи Сомон” ва сипас дар Кохи миллат сурат мегирад.

Дар “Кохи Сомон” сарвари давлат ҷиҳати садоқат ба Конститутсия ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд карда, дар Кохи миллат ба ӯ рамзҳои президентӣ - ливо ва шаҳодатнома супурда мешаванд.

Пас аз ин дар майдони марказии пойтахт ба ифтихори маросими савгандёдкунии президент гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барпо мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.