Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз анҷом шудани парвзҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе ва Душанбе-Алмато-Душанбе барои моҳи ноябр хабар медиҳад.
Тибқи иттилои вазорат Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо коронавирус дар Тоҷикистон ризоят додааст, ки ширкати "СомонЭйр" дар моҳи ноябр парвозҳои чартерии иловагиро дар хатсайрҳои мазкур анҷом диҳад.
Рӯйхати парвозҳоро дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба тартиби зайр нашр кардааст:
- 8 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
- 15 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
- 16 ноябр, Душанбе-Алмато-Душанбе;
- 22 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
- 28 ноябр, Душанбе-Алмато-Душанбе;
- 29 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе.
Вазорат таъкид кардааст, ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд бояд бо худ ҳатман маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19-ро дошта бошанд, ки на пештар аз 96 соат (4 шабонарӯз)-и расидан ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад. Кӯдакони то сесола аз доштани ин гуна маълумотнома озоданд.
Ҳамчунин Вазорат ба ҳамватаноне, ки ба Белорусу Қазоқистон мераванд таъкид кардааст, ки бояд пеш аз сафар мустақилона бо талабаоти сафар дар давраи ҳамагирии коронавирус шинос шаванд ба ин кишварҳо шинос шаванд, то ҳангоми сафар душвориҳо пеш наояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста