Бо фармони президенти мамлакат Шерхон Салимзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод шуда, Ҳабибулло Воҳидзода ба ин вазифа таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Муртазо Ҳайдарзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод карда шуд.

Акбар Холиқзода бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шуд.

Маъруф Муҳаммадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шуда, Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин гардид. Дар навбати худ, Бахтиёр Саидаҳмадзода раиси шаҳри Гулистон таъин карда шуд.

Амирхон Қурбонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуда, Адҳам Маъмурзода ба ин мансаб таъин гардид.

Бо қарорҳои ҳукумати кишвар, Ҷамшед Аҳмадзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Маҳмадсаид Зувайдзода раиси нави ин Кумита таъин шуд.

Хайриддин Абдураҳимов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Аҳтам Абдуллозода сардори нави ин ниҳод таъин шуд.

Бо амрҳои президент, Аҳтам Абдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва Адҳам Маъмурзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи президент озод карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар иттилои қаблӣ зикр шуда буд, ки директори Агентии зидди фасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода низ аз мақомаш барканор шудааст. Ҳамчунин хабар дода шуда буд, ки додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмон Умедҷон Нуриддин  муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон таъин шудааст. Ин маълумот алҳол тасдиқи худро наёфт.