Имсол 21 зан дар вилояти Хатлон бурсия ё грантҳои ҳукумати ин вилоятро дарёфт кардаанд. Ғолибони  озмунҳои бурсияҳо дар як маросими хос бо ҳузури раиси вилоят эълон шудаанд, ки гуфта мешавад, ҳаҷми умумии маблағи бурсияҳо дар соли равон 250 ҳазор сомонӣ будааст. 

Бино ба навиштаи шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, ҳаҷми ҳар грант аз 8 то 20 ҳазор сомониро  дар бар гирифтааст.

Бурсияҳои раиси вилоят барои дастгирии занони соҳибкор ва баланд бардоштани некӯаҳволии занони вилоят соли 2016 таъсис дода шудааст, ки ҳар соле 21 лоиҳа бо ҳаҷми умумии 250 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Давоми солҳои 2016-2020 дар доираи ин озмун 105 лоиҳаҳои занони соҳибкор ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ҳимоят шудааст.

Ин тарҳҳо, асосан дар бахши ташкили коргоҳҳои дӯзандагӣ, курсҳои омӯзишӣ, ташкили гармхонаҳо, чорводорӣ, парандапарварӣ ва ғайра равона карда шудаанд.

Ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар натиҷаи иҷроӣ шудани ин лоиҳаҳо 1,9 ҳазор зан соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, 2 ҳазору 576 нафар ҷавондухтарон соҳиби касбҳои гуногун гардидаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ба ҷуз ин, тӯли солҳои 2016-2020 лоиҳаҳои 151 зани хатлонӣ дар доираи грантҳои президентӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.

Бино ба маълумоти шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, дар Хатлон 17 ҳазору 541 нафар зани соҳибкор номнавис шудааст, ки аз 12 ҳазору 425 нафар бо шаҳодатнома ва 5 ҳазору 425 нафар бо патент фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.