Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз фармонҳои президентро дар бораи таъини Мирҳаёт Ёқубзода ва Фирдавс Толибзода ба вазифаи муовинони раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ якдилона ва бидуни баррасӣ тасдиқ кард.

Вакилони мардумӣ инчунин Созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо гардидани 10 млн доллар грант маъқул донистанд.

Ҳадафи амалисозии лоиҳа, ки солҳои 2021-2023-ро дар бар мегирад, мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 16 ноҳияи кишвар мебошад.

Минтақаи татбиқи лоиҳа ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Зафаробод, Файзобод ва Дарвозро фаро мегирад.

Вакилон инчунин аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаҳои алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо ва  ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ ҷонибдорӣ намуданд.

Тавре муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода қайд кард, мувофиқи меъёрҳои созишнома, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ минбаъд метавонад бепул аз алоқаи моҳвораии таъиноти ҳарбии Русия истифода кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.