Вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозону афсарони артиши миллии кишвар имрӯз, 23 феврал нимаи аввали рӯз дар маҷмааи “Кохи Борбад” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Дар назар аст, ки президент зимни суханронӣ давраҳои ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро таҳлил намуда, назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои нав мегузорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ консерти устодони санъати ҷумҳурӣ доир мегардад.

Ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар тамоми шаҳрҳо чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди кулл маҷлиси тантанавӣ баргузор шуда, дар он сарбозону афсарони ба таври намунавӣ хизматкарда, дорои нишондиҳандаи баланд дар омодагии ҳарбӣ ва дар таҳкими Қувваҳои мусаллаҳ саҳмгузошта бо ифтихорномаву мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд.

Шурӯъ аз соли 1993 санаи 23 феврал дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Айни замон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал ва хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, гузашти низомии пуршукӯҳ моҳи сентябри соли 2021 дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.