Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ташриф овард.

Дар ин ҷо бо иштироки сарвари давлат иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла бинои таъмиру навсозишудаи “Кохи фарҳанг”, бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ боз мешаванд. Ҳамчунин ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва истеҳсоли шириниҳо, инчунин боғи интенсивӣ пешбинӣ шудааст.

Сурат: Asia-Plus

То ин дам ӯ дар маросими ифтитоҳи маҷмааи фароғатӣ ва варзишӣ, варзишгоҳҳои болопӯшида ва фазояшон кушода дар ин ҷамоат ҳузур дошт.

1/2

Ҳамчунин сарвари давлат бо сокинон ва фаъолони ҷамоат мулоқот мекунад. Дар Кохи фарҳанг барномаи фарҳангӣ ва консерт баргузор мешавад.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва хатти оби нӯшоки дар шаҳраки Шӯроб ҳузур дошт.

Дар ин шаҳрак ӯ ба 20 нафар калиди манзили истиқоматӣ тақдим карда, ҳамчунин бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.