Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 16 август аз таътили тобистона баргашта, дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохтанд.

“Вакилон ба омӯзиши лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодгардида дар давраи таътили тобистона, ки аз 1 июл то 15 август давом карданд, оғоз намуданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, вакилони мардумӣ то охири моҳи сентябр дар кумита ва комиссияҳои парлумон фаъолият намуда, бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд.

Зикр шуд, ки 1 октябр дар Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.