Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА ва оилаҳои осебдидагон аз тундбод (торнадо) дар ин кишвар изҳори тасаллият намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба президенти ИМА Ҷо Байден барқияи изҳори тасаллӣ фиристод.
“Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлоти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андӯҳи амиқи мо гардид”, - омадааст дар барқия.
Дар идома ба мардуми дӯсти Амрико, наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ шуда, ба осебдидагон шифои комил орзу шудааст.
Рӯзи 11 декабр дар як қатор иёлат (штат)-и ИМА тундбоди шадид сар зад, ки президенти ИМА Ҷо Байден онро бузургтарин дар таърихи кишвар номид.
Шумори умумии ҳалокшудагон аз ин офат зиёда аз 90 нафар арзёбӣ шуда, лекин волии иёлати Кентукки гуфтааст, теъдоди қурбониёни офати табиӣ метавонад аз 100 нафар зиёдтар шавад.
Гуфта мешавад, корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ метавонанд чандин моҳ тӯл кашанд. Зиёда аз 200 ҳазор нафар аз камбуди барқ танқисӣ мекашанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста