Як манбаъ аз раёсати молияи ноҳияи Ёвон хабар дод, ки барои раиси ин ноҳия мошини хизматии “Toyota Land Cruiser Prado” ба маблағи 620 ҳазор сомонӣ харидорь шудааст.
Худи раиси ноҳияи Ёвон, Ҷамшед Саидзода рӯзи 16-уми феврал зарурати харидории ин мошини хизматиро шарҳ дод.
“Ин мошини хизматиро мо аз ҳисоби сметаи хароҷотии соли 2020 харидорӣ кардем, на соли 2021. Мошини хизматии қаблии раиси ноҳия 13 сол хизмат карда буду фарсуда шуда буд. Чанд маротиба ҳангоми сафарҳои хизмати вайрон шуд. Агар хоҳем, ки ҳамеша дар байни мардум бошем ва ба маҷлисҳои ҳукумату вилоят, ки дар ҳар гӯшаю канори вилоят мешаванд равем, бояд мошини хидматӣ бошад. Бе мошини хидмати ҳам намешавад. Мо ин мошинро бо иҷозаи Сарраёсати молияи вилоят харидорӣ кардем на аз ҳисоби ноҳия”,- гуфт Сатдзод.
Ин дар ҳолест, ки тибқи як банди 27-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2020 харидории мошинҳои хидматӣ, таъмиру сохтмон ва ҷудо кардани воҳидҳои корӣ қатъиян манъ карда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста