Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба ифтихори Рӯзи модарон шуморе аз занҳои собиқадор ва дар гузаштаи фаъоли сиёсиву ҷамъиятии Душанберо табрик кардааст. Дар аксҳое, ки Раёсати занони шаҳри Душанбе нашр кардааст, дида мешавад, ки дар баробари дигар бонувони сиёсатмадор, ҳамчунин муовини шаҳрдори Душанбе ба табрики Гулрухсор шоири шаҳири тоҷик ҳам рафтааст.
Дар баробари Гулрухсор, ҳамчунин дар аксҳои нашршуда Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ходими ҷамъиятиву сиёсӣ Низорамоҳ Зарипова ва занони дигари маъруф низ ҳастанд.
Саҳифаи фейсбукии Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Душанбе бо нашри аксҳо аз ҷараёни табрики собиқадорон навиштааст, ки он қадршиносии коркардҳои собиқадорон маҳсуб ёфта, амалӣ намудани он дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар байни занони собиқадоре ки муовини Рустами Эмомалӣ табрик кардааст, собиқ котиби идеологии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова, муовинони собиқи сарвазири кишвар Руқия Қурбоноваю Марҳабо Ҷабборӣ ва вазири собиқи меҳнати Тоҷикистон Рафиқа Мусоева низ ҳастанд.
- Дастгирии табақи ниёзманди ҷомеа, дидорбинии собиқадорони ҷангу меҳнат ва болида намудани хотири онҳо ба ин васила аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бо дастгирии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пайваста чунин амалҳои некро анҷом медиҳанд, - менависад Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдории Душанбе.
Ин ниҳод гуфтааст, ки собиқадорони меҳнат иқдоми роҳандозинамудаи шаҳрдори Душанберо хуш истиқбол намудаанд.
Манбаъ гуфтааст, ки тадбири мазкур бо пайгирии нишондоди банди панҷуми нақшачорабиниҳои шаҳрдории Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи модар ташкилу роҳандозӣ гардидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста