Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон раисони бархе шаҳру навоҳии кишвар ва чанд мансабдори баландмақомро аз вазифа озод ва қисмеро ба вазифаҳои нав таъин кард. Шоми имрӯз, Хадамоти матбуотии президент фармони таъину барканории онҳоро нашр кард.
Кӣ барканор шуд?
Ҳамин тариқ, бо фармони президент, Абдуғаффор Ҳикматуллозода аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Тоҷикистон озод шудааст. Сабаби аз вазифа озод кардани ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.
Ҳамчунин, бо фармонҳои алоҳидаи президент, раисони се ноҳияи шаҳри Душанбе- Исмоили Сомонӣ, Фирдавӣ ва Сино аз вазифа озод шудаанд: Самӣ Шариф аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Салимзода аз вазифаи раиси ноҳияи Сино ва Фатҳиддин Усмонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Сабаби барканории Самӣ Шариф расидан ба синни нафақа ва дуи дигар гузаштан ба кори нав гуфта шудааст.
Ҳамин тариқ, Сиҷоуддин Саломзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Баротзода Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш, Бозоралӣ Одиназода аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бадриддин Садриддинзода аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён, Ҷамшед Саидзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Азизулло Исматзода аз мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуданд.
Сабаби барканории ҳамаи инҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
Ҳамин тариқ, бо қарорҳои ҳукумати кишвар, Тоҷиддин Ҷӯразода аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Камолиддин Муминзод аз вазифаи муовини раиси ин кумита озод гардиданд. Сабаби барканории онҳо низ гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Шарифӣ Бахтиёр аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мансаб озод гардиданд.
Ҳамин тариқ, бо амри президенти кишвар, Нуралӣ Риозода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Мирзодавлат Сабурзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти тоҷикистон озод шуданд.
Кӣ таъин шуд?
Бо фармонҳои дигари президент, Файзулло Баротзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Бахтиёр Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон, Холмурод Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Нурулло Мирзозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Тоҷиддин Саидзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Умед Гуреззода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Руслан Қодирзода иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Абдуғаффор Ҳикматуллозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шудаанд.
Ҳамчунин, Нусратулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Мирзодавлат Сабурзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён ва Каромиддин Холзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин шудаанд
Бо қарори дигар ҳукумат, Камолиддин Муминзод раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон таъин гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар хусуси тағйироти кадрӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ва дигар сохторҳои давлатӣ, нимаи дуввуми рӯз “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ, иттилоъ дода буд ва ҳамаи он тасдиқи худро ёфтанд.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста