Дирӯз, 11-уми январ, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон Умед Гуреззода ва Дилшод Одиназода, ду муовини Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанберо аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Сиҷоуддин Саломзодаро таъин кард. Ин ду муовини нави раиси пойтахт кист? “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки корномаи онҳоро пешкаши хонандагон гардонад.
Сиҷоуддин Саломзода – собиқ раиси Турсунзода, Исфара ва Бохтар
Сиҷоуддин Саломзода, ки то ин замон вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлонро ба зимма дошт, дирӯз дар пайи як тағйироти кадрӣ ба ҷойи Умед Гуреззода муовини шаҳрдорӣ Душанбе таъйин гардид.
Сиҷоуддин Саломзода 58 сол дошта, зодаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аст. Ӯ соли 1989 Донишкадаи политехникии Тошканд ба номи Абӯрайҳони Беруниро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ хатм кардааст.
Ӯ фаъолияти меҳнатияшро дар идораи экспедитсияи «Тоҷикгеология» (ҳоло Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон) оғоз кардааст. Дар ин муассиса ӯ аз соли 1989 то 1994 кор кардааст.
Сипас, Сиҷоуддин Саломзода аз соли 1994 то 1995 ба ҳайси раиси иттиҳодияи сохтмони «Наврӯз»-и шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1995 то соли 2000-ум ҳамчун муҳандиси энергетик, муовини директори генералии ширкати «Садад» дар шаҳри Сарбанд (Леваканти ҳозира) кор кардааст.
Аз соли 2003 то 2004 дар вазифаи сардори бозрасии Сарраёсати назорати давлатии бехатарии кор дар саноат ва назорати кӯҳии назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Сипас, ӯ аз соли 2004 то 2006 дар вазифаи муовини сармуҳандис ва сипас сармуҳандиси Раёсати сохтмони НБО Роғун ва солҳои 2011-2013 дар вазифаи котиби корпоративии Шӯрои нозирони НБО Роғун ҳам фаъолият намудааст.
Ҳамчунин, 4 сол – солҳои 2006-2010 дар вазифаи муовини аввали раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2013-2015 сардори ин ниҳоди давлатӣ буд.
Номбурда бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, соли 2015 ба вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъйин гардида, дар ин симмат то соли 2018 фаъолият кардааст. Дар солҳои 2018 – 2020 бошад, масъулияти раиси шаҳри Исфараро ба зимма доштааст.
Сиҷоуддин Саломзода аз соли 2020 раиси шаҳри Бохтар буд ва 11-уми январи соли 2023 ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Донадаи хуби забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ буда, бо ордени «Шараф», дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода – хатмкардаи Донишкадаи Ню-Йорк
Абдураҳмон Абдураҳмонзода аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба симати муовини Рустами Эмомалӣ, шаҳрдорӣ Душанбе, омад. Ӯ дар ин вазифа Дилшод Одиназодаро иваз кард. Ӯ 35 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст.
Абдураҳмонзода хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва риштаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи Ню-Йорки Амрико мебошад.
Номбурда собиқаи кории 10-сола дорад. Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар солҳои 2012-2013 мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ ва дар солҳои 2013-2015 мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо буд.
Солҳои 2015-2017 ӯ дар вазифаи сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умуҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо кор кардааст.
Инчунин, ӯ солҳои 2017-2018 намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Конфедератсияи Швейтсария фаъолият кардааст.
Дар солҳои 2018-2020 номбурда сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умуҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо буд.
Баъдан дар соли 2020 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардида, то 11-уми январи 2023 ба ин вазифа адои хидмат кардааст.
Шаш муовини шаҳрдори Душанбе
Бояд гуфт, дар шаҳрдории Душанбе муовини якум ва 5 муовин фаъолият мекунанд.
Ҷамшед Табарзода, муовини якуми шаҳрдор оид ба татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои замин, сохтмон, роҳсозӣ, хизматрасонии коммуналӣ дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва дигар вазифаҳо масъул мебошад.
Дилбар Одилзода, муовини дигари шаҳрдор аст, ки барои густариш ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо, амалӣ намудани барномаҳои қабулгардида дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, ҳуқуқи кӯдак, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дин ва дигар масъалаҳо фаъолият мекунад.
Фирдавс Саидзода, муовини дигари шаҳрдор дар масоили густаришу тақвияти ислоҳот ва дигаргунсозиҳо дар соҳаи нақлиёт, алоқа, истифодабарии роҳҳо, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ба ин соҳаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи меҳнат ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ ва ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои болозикр масъул мебошад.
Толиб Раҳимзода, муовини дигари шаҳрдор масъули густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф дар соҳаҳои ободонию кабудизоркунӣ, боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ ва ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои ҳифзи табиат ва ободонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ аввали соли 2017 аз курсии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусия ба маснади раиси шаҳри Душанбе баргузида шуд. Ӯ ҳамчунин, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва расман шахси дуюми кишвар аст.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста