Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад.
Зимни ин сафар, дирӯз, 26-уми апрел, сарвари давлат дар деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара мактаби рақами 16-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин мактаби 3-ошёна буда, он дар доираи ҳамкориии Тоҷикистон ва Чин бунёд гардида, барои таҳсили 1 ҳазору 280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Баъдан, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад. Бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Дар ин рӯз, роҳбари давлат бо лоиҳаи бунёди Шуъбаи таваллуд ва рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара шинос шуд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кори он шинос шуд.
Дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бошад, раисиҷумҳур меҳмонхонаи “Комрон+П”-ро ба истифода дод.
Масоҳати меҳмонхона 238 метри мураббаъро ташкил намуда, аз 5 ошёна ва 16 ҳуҷра иборат буда, имкон дорад, ки дар як вақт ба 30 нафар хизматрасонӣ кунад.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон Кооперативи тиҷоратии “Моҳипарварии Каёнуш”-ро ба истифода дод.
Ҳадаф аз таъсиси хоҷагӣ ва ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот, ба содирот нигаронидани он ва таъмини пешрафти дучанди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дониста мешавад.
27-уми апрел бошад, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот кард.
Дар мулоқот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Роҳбари давлат бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим, таъсири он ба иқтисоди кишвар ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар назди Ҳукумат ва роҳбарону фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
“Мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста