Рустам Мирзомуродзода сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа Суҳроб Қурбонзодаро иваз кард.
Дар ин бора имрӯз, 12-уми июли соли 2023, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе низ таъин гардиданд.
“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ёдовар шудан ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд”, - хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Ба роҳбарияти нави БДА дастур дода шудааст, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Роҳбари нави БДА кист?
Рустам Мирзомуродзода 52-сола аст ва рутбаи генерал — майор дорад.
Дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият мекунад. Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири БДА дар вилояти Кӯлоби собиқ оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза” дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори Р ВКД дар ВМКБ коор кардааст.
Ӯ аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори Раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият дошт. Соли 2022 аз ин мансаб барканор гардида, ба ҷояш Шариф Назарзода таъин шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки роҳбари пешини БДА Суҳроб Қурбонзода моҳи августи соли 2022 ба вазифа таъин гардида буд ва наздики 1 сол дар ин мансаб фаъолият кард. Он замон "Азия-Плюс" барои роҳбарияти нави БДА ва беҳ гардидани фаъолияти ин ниҳод “Шпаргалка” таҳия ва пешниҳод карда буд, ки ҳоло низ мубрам аст.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста