“Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем”, - омадааст дар паёми шодбошии сарвари давлат ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ.
“Роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкардаи мо пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор созанд, гуфта мешавад дар паёми табрикии президент. -
Яъне тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд”.
Дар паём зикр мегардад, ки “дар раванди аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшидани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик соли 1993 яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ – Артиши миллӣ таъсис дода шуда, фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор карда шуд”.
“Қабул шудани аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз ҷумлаи нахустин дастовардҳо буд. Ҳукумати мамлакат дар асоси ин санад ба пешбурди сиёсати иҷтимоӣ оғоз намуда, имрӯз самараҳои воқеии ин сиёсат дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ба таври возеҳ мушоҳида мешаванд, - баён мегардад дар паёми сарвари давлат. -
Мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд”.
Дар паёми табрикӣ ҳамчунин доир ба дастовардҳо дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои саноату энергетика, сохтмон, инчнуин мавқеи кишвар дар арсаи байнулмилалӣ, дар бораи муқовимат бо таҳдиду чолишҳои гуногун, тарбияи ватандӯстӣ сухан меравад.
“Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”, - омадааст дар паём.
Дар фарҷом сарвари давлат мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу мекунад.
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста