Александр Владимирович Шишлянников, генерал майори мустаъфӣ, аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки солҳои охир дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мезист, 15-уми сентябри соли ҷорӣ, дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора сомонаи vesti.uz иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, Шишлянников пас аз беморӣ даргузаштааст, аммо аз бемории ӯ ном гирифта намешавад.
Бояд гуфт, ки Александр Шишлянников моҳи январи соли 1993 ба мақоми вазири дифои Тоҷикистон таъйин гардида, моҳи апрели соли 1995 аз вазифа озод шудааст. Ба ҷойи ӯ Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон таъин гардидааст.
Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Душанбе аз Шишлянников ёдовар шуда, гуфта буд: “Ман худам дар тамрингоҳ, дар хаймаҳо артиши миллӣ таъсис додам. Мо қувваҳои мусаллаҳ надоштем, вазири мудофиа надоштем, генералу сарбозон надоштем. Мо аз давлати дигар беш аз 200 афсар хоҳиш кардем. Ва ман аз байни онҳо полковник Шишлянниковро интихоб намуда, вазири мудофиа таъин кардам”.
Александр Шишлянников 3 ноябри соли 1950 дар Тошканд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби олии фармондеҳии танкии Тошканд дар соли 1971 дар қисмҳои Фармондеҳии марказии ҳарбӣ дар Чехословакия ва фармондеҳии ҳарбии ғарбӣ дар Олмон хидмат кардааст.
Генерал Шишлянников дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон низ чандин сол кар кардааст. Муаллифи зиёда аз 70 асари илмию методӣ мебошад.
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста