Эмомомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрии аввалини худро дар соли 2024 шуруъ кард. Ӯ бо имзои як фармон ва ду қарор як сафирро аз вазифа озод ва муовини аввал ва як дипломатӣ дигарро муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ навишт, ки Насредин Исматулло аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш озод ва бо қарори ҳукумат муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид.
Сабаб барканории ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
Ҳоло маълум нест, ки ба курсии сафири Тоҷикистон дар Покистон ва Бангладеш кӣ таъин шудааст.
Ҳамин тариқ, Фаррух Шарифзода, ки моҳи майи соли гузашта аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод шуда буд, бо қарори нави ҳукумат муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Моҳи майи соли 2023 ба ҷои ӯ, Вафо Ниятбекзода, ки то он замон сардори яке аз Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд.
Он замон сабаби барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар гуфта мешуд.
Бояд гуфт, ки курсии муовини аввал ва муовини вазири корҳои хориҷӣ моҳи майи соли 2023 холӣ шуда буд. Замоне ки Музафар Ҳусейнзода ва Шараф Шерализода, ду муовини вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон аз вазифа озод ва бо фармони дигар, Музафар Ҳусейнзода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Шараф Шерализода сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин гардидаанд.
Ҳоло ба ғайр аз ду муовини нав, Содиқ Имомӣ, ки то моҳи апрели соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон кор карда буд ва Фарҳоди Салим, (аз 27 апрели соли 2021) сафири собиқи Тоҷикистон дар ИМА ва писари собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев муовинони вазири корҳои хориҷӣ мебошанд.
Ҳамасола дар оғози сол, Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ мегузаронад. Бархе мансабдорон аз як вазифа озод ва бо фармони дигар ба мансаби нав таъин мешаванд. Ин раванд дар расонаҳо бо номи “дилзанак” маъмул аст.





Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста