Имрӯз, 16-уми январи соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Аз ҷумла, Ҳоким Холиқзода аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикитон озод ва муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, ки беш аз як сол инҷониб холӣ буд, таъин гардид.
Ба ҷойи ӯ Фирдавс Толибзода, ки то ин лаҳза муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст.
Фирӯз Шарифзода, ки то ин лаҳза муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд, муовини якуми раиси ин бонк таъин гардидааст.
Ҳамчунин, Сироҷиддин Икромӣ, ки то ин замон раиси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буд, аз вазифа озод ва ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ раиси КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъин гардидааст.
Инчунин, Қобилҷон Хушвақтзода, ки то ин вақт ректори Донишгоҳи миллли Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шудааст.
Ҳоло маълум нест, ки Фарҳод Раҳимӣ, ҳамакнун президенти пешини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кадом вазифа таъин гардидааст.
Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии ҳамакнун собиқи президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз вазифа озод ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шудааст.
Бо фармони дигари раиси ҷумҳур Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш озод ва ба ҷойи Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шудааст.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, ки то ин дам вакили парлумон буд, раиси нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъин гардидааст.
Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ин ниҳод навтаъсис буда, Файзуллозода аввалин роҳбари он мебошад.
Бо фармони президент, Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиноси тоҷик, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин карда шавад.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста