Пагоҳ, 5-уми июл, бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ифтитоҳи ин ду бинои нав соати 18:00-и рӯзи 5-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Дар маросими кушодашавии бинои нави ҳукумат ва парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин ширкат меварзанд.
“Ҳама вакилони халқ дар маросими ифтитоҳи бинои нави парлумон даъват шудаанд ва бояд ширкат кунанд. Инчунин, баъзе намояндагони Чин ҳам дар ин маросим иштирок менамоянд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки вакилони парлумони кишвар кай дар бинои нав корро оғоз мекунанд.
Бояд гуфт, ки бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон бо маблағгузории Чин сохта шудаанд: Чин барои сохтмони ин биноҳо ба сифати кумаки бебозгашт 1,5 млрд юан (беш аз 200 млн доллар) ҷудо карда буд.
Ёдовар мешавем, ки биноҳои мазкур давоми 6 сол сохта шуданд: рӯзи 13-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон санги асос гузошта буданд.
Арабистони Саудӣ гувоҳномаи эмгузаронӣ аз менингитро талаб мекунад. Дар куҷои Тоҷикистон метавон эм гирифт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста