Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзо чанд фармон раисони як қатор шаҳру навоҳии кишварро аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигарро таъин кард. Аз ҷумла, бо фармони президент, Умед Гуреззода, аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ озод ва ба ҷои Тоҷиддин Саидзода раиси ноҳияи Сино таъин шуд. Саидзода ҳафтаи гузашта, ба курсии муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент нишаста буд. Ба курсии Гуреззода, Дилшод Сафарзода, ки то ин дам муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд, такя зад.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ то имрӯз раиси шаҳри Ёвон буд ва ба курсии Ҷамшед Табарзода, ки чанде пеш раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нишаст.
Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳур Икромиддин Вализода, ки то ин дам раиси ноҳияи Кӯшониён буд, аз вазифа озод ва ба ҷои Бахтиёр Шарифӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ёвон таъин шудааст. Ба ҷои вай, Маҳмадшариф Холзода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Кӯшониён шудааст.
Ба ҷои Сафармаҳмад Раҳимзода, ки то ин вақт раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, Маҳмуд Амирзода, ки то ин дам сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳи иҷроияи президент буд, иҷрокунандаи раиси ин ноҳия шудааст. Сафармаҳмад Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазиф озод шудааст. Ба чӣ мақом таъин шудааст ҳоло аниқ не.
Бо қарору амрҳои дигар, Исфандиёр Шукурзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Камолиддин Муминзод, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон таъин шуданд. Камолиддин Муминзод чанд ҳафта пеш аз вазифаи раиси кумитаи рушди сайёҳӣ озод шуда буд.
Ҳамчунин, Илҳом Абдураҳмон сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ҳамзамон сафир дар Гурҷистон ва Луқмон Бобокалонзода, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ҳамзамон сафир дар Малдив таъин шудаанд.
Бо мувофиқа бо президент, Муслима Афзалшо, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъин шуд.
Ҳамчунин, номзади чанде аз додрасҳо барои таъин ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, дар назди кадрҳои навтаъин вазифаҳои мушаххас гузоштааст.
“Ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад ва вазифаҳои хидматии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона иҷро намоянд”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи ҳар сол, баъди баргузории маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ба тағийроти кадрӣ дар ҳукумат даст мезанад. Давоми як ҳафтаи охир, аввал вазири меҳнату муҳоҷират, раисони додгоҳи олӣ, оҷонсии нафақа, кумитаи телевизион ва радио ва чанд мансадори дигар аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд.
Ҳамчунин, чанд рӯзе пеш, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру фармонҳо вазирону раисони “дарозумр”-и тоҷикро аз вазифа озод кард. Онҳо кистанд ва ҷомеа аз чеҳраҳои нав чӣ интизориҳо доранд, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста