Ҳукумат барои назорати бахши энергетика ниҳоди наве бо номи Оҷонсии назорати давлатии энергетикии назди президенти Тоҷикистон таъсис медиҳад. Оҷонсӣ бояд то охири моҳи апрел ба фаъолият шуруъ кунад. Ин ниҳод аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсус маблағгузорӣ карда мешавад.
Ин қарори ҳукумат аз 28-уми марти соли 2025, баъди як рӯзи пешниҳоди ҷазо барои саркашӣ аз пардохти пули барқ ва дуздии он аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ба имзо расид. Нусхаи қарорро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.
Тибқи фармони раиси ҷумҳур то охири моҳи апрел Оҷонсӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор “низомнома, сохтори дастгоҳ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқи”-ро бояд таҳия кунад.
Гуфта шудааст, ки ин ниҳод аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои суратҳисоби махсус ва манбаъҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Дар қарор омадааст, ки дар ин Оҷонсӣ 157 корманд аз ҷумла 46 нафар дар дастгоҳи марказӣ бо кор таъмин мешаванд. Маоши 146 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва 11 корманди ташкилотҳои системавии ниҳод аз ҳисоби маблағҳои махсус ҷудо карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика фаъолият мекунад. Хадамот тамоми бахшҳои энергетика аз истеҳсолу интиқоли барқ то истеҳсоли ангиштро назорат мекард.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Оҷонсӣ дар заминаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика таъсис меёбад. Ҳамакнун маълум нест, ки Хадамот ба фаъолият идома медиҳад ё вазифаи он ба оҷонсии навтаъсис вогузор мешавад.
Бояд гуфт, ки ниҳоди нав барои назорати бахши энергетика дар пайи сахттар кардани ҷазо барои дуздии нерӯи барқ ташкил шудааст.
Чанде қабл рӯзи 2-юми апрел вакилони Маҷлиси намояндагон, палати поёнии парлумон тарҳи ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқро ба тасвиб расониданд. Тарҳи мазкурро 11-уми апрел вакилони Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон низ дар иҷлосияи якуми худ қабул карданд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари чанд лоиҳаи қонуни дигар, тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро имзо кард. Бар пояи ин тарҳи қонун касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Пешниҳоди ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он”, ки дар маҷлиси ҳукумати кишвар дар охири моҳи март садо дод, муқаррар карда шуд.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста