Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.
Хадамоти матбуотии президенти кишвар навишт, ки аз ҷумла, муовини якуми сардори “Мададгори мудофиа”, чанде аз сардорони Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, инчунин Қушунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ нав шуданд.
Ҳамчунин, дар чанде аз раёсату шуъбащои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур “кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд”.
Ба иттилои манбаъ, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон ҳам нав шудаанд.
Хадамоти матбуотии президент, номи онҳое, ки дар ин ниҳодҳо вазифа гирифтанд ва аз мансаб озод шуданд, ошкор накардааст.
Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин, “ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузаронидани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти идорашавандаи фосилавӣ ва риояи қонунияту оинномаҳои соҳавӣ” таъкид кард.
Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки “муносибат бо сарбозону кормандон бояд мисли муомила миёни аъзои оила бошад, то ки эҳсоси дӯстиву бародарию ҳамдигарфаҳмӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ устувор гардад”.

Ҳамасола дар оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом мешавад. Аз ҷумла чанде пеш, се муовини вазири корҳои хориҷӣ, додрасу раисони додгоҳҳои чанд шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Аз ин пештар як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд раёсати ин ниҳод дар дастгоҳи марказӣ, инчунин, сардорони шуъбаҳои ВКД дар чанд шаҳру навоҳӣ нав шуда буданд.
Дар аввали сол, раисони 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, ду муовини раиси вилояти Хатлон, ёрдамчии президент дар робита ба масоили иҷтимоӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал ва муовинонаш нав шуда буданд.




Дар Тоҷикистон шумори хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шудааст
Нусратулло Давлатзода: “Сарбории андоз дар Тоҷикистон баланд нест”
Ифшои 9 млн сомонӣ аз суратҳисоби як нозири барқ. Додситони кул аз “дуздӣ”-и пули барқ аз сӯйи кормандони барқрасонӣ нигаронӣ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2026
Саттор Турсун – озодамарди пурғурур
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026
Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?
Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?
Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста