Душанбе. 5-уми август 2009. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сохторҳои калидии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, тибқи фармони вазири корҳои дохилӣ, полковники милиса Маҳмадсаид Саидов сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ таъин шуд. Ӯ қаблан ба ҳайси сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ва роҳбари шӯъбаи ҷумҳуриявии бақайдгирӣ ва имтиҳонот ифои вазифа менамуд. Собиқ сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ Хӯҷамурод Холов аз мансб сабукдӯш гардида, айни замон дар ихтиёри раёсати шӯъбаи кадрҳо қарор дорад.
Подполковники милиса Абдураҳмон Бузмаков, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба вазифаи сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ таъин гардида буд, акнун Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро роҳбарӣ хоҳад кард. Ба дӯши полковники милиса Нурулло Орифов вазифаи сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ вогузор гардид.
Ғайр аз ин, полковники милиса Анвар Тағоймуродов сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил таъин гардид. Айни замон шахсони тоза ба мансаб таъингардида ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ мегарданд.
Стратеги №1 ва мушовири Президент. Ёдбуди Суҳроб Шарипов
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 январи соли 2025
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста