Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар натиҷаи амалиёти вижаи боздошти ҷангҷӯёни боқимондаи узви гурӯҳи террористии Мулло Абдулло дар шарқи кишвар, аз сӯйи мақомоти қудратӣ, таърихи 18 апрел, сокини ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, Мирхуҷа Шарипови 50 сола дастгир карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Ҷурахонов хабар дод.
«Ҳангоми боздошт Шарипов муқовимат нишон дода,сарбози горди миллии Тоҷикистон Сафаралӣ Ғаниеви 21 соларо кушт», - изҳор дошт муовини вазир.
Ба иттилои ВКД дар ҷойи ҳодиса автомат Калашников бо се тирдон кашф карда шуд. «Тибқи маълумоти дар даст дошта, феълан ду тан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи Мулло Абдулло, ки тавонистанд аз макони задухурди рӯзи 15 апрел фирор кунанд, зинда ҳастанд. Амалиёти боздошти ин ду тан дар Рашт идома дорад»,- афзуд Ҷӯрахонов.
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста