Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кен Гросс ва Фармондеҳи Горди миллӣ генерал Раҳмоналӣ санги аввали бинои омӯзиши тирандозии ҷангиро гузоштанд, ки он як ҷузъи Маркази миллии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Каратоғ мебошад. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин лоиҳа, ки арзиши умумиаш 3,1 миллион доллар аст, аз ҷониби Фармондеҳии Марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ мешавад.
Сафир Гросс қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур нишондиҳандаи ӯҳдадории ИМА оиди дастгирии кӯшиши Тоҷикистон дар роҳи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳимояи миллат аз терроризм мебошад. Лоиҳа ба дастгирии таълими ҷузъу томҳои вазоратҳои гуногуни қудратии кишвар, ки ба мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва терроризм сару кор доранд, равона шудааст.
Пас аз анҷоми сохтмон ин маркази таълимӣ дар Каратоғ дорои машқгоҳҳои ронандагиву тирандозӣ аз пистолет ва дигар аслиҳаи рахпеч, биноҳои омӯзишӣ барои бурдани амалиёти ҷангӣ дар шароити шаҳр ва деҳот, манор барои фурудоӣ бо таноб, синфхонаҳои тобистона ва манорҳои дидбонӣ иборат хоҳад буд.
Лоиҳаи мазкур яке аз силсилалоиҳаҳои ИМА мебошад, ки ба мусоидат дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва тақвияти амнияти сарҳади Тоҷикистон равона шуда, он сохтмони гузаргоҳ ва посбонгоҳҳо дар тӯли сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҳамчунин таъмини таҷҳизоти махсус аз қабили ратсия, нақлиёт ва дигар таҷҳизоти ҳарбиро дар бар мегирад.
Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур зимистони ҳамин сол ба анҷом расаду пас аз он CENTCOM дар робита бо ин Маркази таълимӣ боз якчанд лоиҳаҳои дигарро пиёда созад, аз ҷумла сохтмони казарма барои аскарон, ошхона, нуқтаи тиббӣ, бинои маъмурӣ, синфхонаҳо, бардоштани девори атрофи марказ ва чароғон гардонидани он, сохтани роҳҳои фаръӣ ва истгоҳи мошинҳо, ва ғайра. Ин ҳама имкон хоҳанд дод, то таълим дар ин марказ тамоми сол ба рох монда шавад.
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста