Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, 80%-и иштирокчиёни гузашти низомиро намояндагони вазорати мазкур ташкил хоҳанд дод. «Ғайр аз ин, дар гузашти низомӣ воҳидҳои Гвардияи миллӣ, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳанд варзид», - гуфт ӯ.
Ба қавли вай, ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ хоҳад кард. Гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд. «Айни замон тамоми воҳидҳое, ки дар гузашт иштирок мекунанд, дар гирду атрофи шаҳр ба машқу тамрин машғуланд», - афзуд номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки иштироки техникаи низомӣ дар гузашт дар назар нест.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста