Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро, ки бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур мепазирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар мулоқоти мазкур баррасии масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкории мутақобилаи низомии ҷонибҳо дар назар аст. «Ҳамчунин дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтани вазъи кунунии Афғонистон, масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризми байнулмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ низ аз эҳтимол дур нест», - гуфт сарчашма.
Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни сафар Н.Бордюжа ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии Шӯрои амнияти кишвар ва сохторҳои қудратӣ низ гуфтушунид хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста