Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Сафорати ИМА сафари омӯзишии полиси ҷамъиятиро дар ИМА аз 14 то 24 июли соли 2011 дастгирӣ намуд. Шонздаҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла ҳайати роҳбарикунандаи Раёсати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, ба Ню Йорк ва Массачусетс сафар карданд. Ин сафари омузишӣ дар чорчубаи лоиҳаи ҳамкории полис ва ҷомеаи Шуъбаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сафорати ИМА, ки аз тарафи ҶММ Эмерҷенс Груп (TEG) иҷро мешавад, ташкил карда шуда буд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳангоми ташриф овардан ба Шуъбаи полиси ноҳияи Нассау иштирокчиён бо кор ва фаъолияти Лигаи амалиётҳои полис ва Академияи полис барои наврасон ва ҷавонон аз наздик шинос шуданд ва роҳҳои таҳкими эътимоди байни полис ва наврасону ҷавонон ва пешгирии ҷинояткориро дар он ҷо омӯхтанд. Ҳайати намояндагони милитсия ва ҷомеа инчунин дар патрули шабона иштирок намуданд, ба шуъбаи полиси минтақавӣ ташриф оварданд ва аз баромадҳои Шуъбаи кор бо ҷомеа дар бораи роҳҳои ҳамкории онҳо бо сармоядорони маҳаллӣ баҳри муайан намудани хатарҳои терроризм, васеъ намудани робитаҳо бо ҷомеа ва шабакаҳои иттилоотӣ баҳраманд шуданд.
Нимаи дуюми сафари омузиширо шуъбаҳои полиси Массачусетс идома доданд. Дар шаҳри Ню Бедфорд ҳайати намояндагони Тоҷикистонро мири шаҳр ба ҳузур пазируфт ва барояшон кумитаи бехатарии ҷамъиятиро даъват намуд. Онҳо инчунин ба Суди наврасон ва ҷавонон дар ҳамкорӣ бо мактаби ноҳия ташриф оварданд ва дар мулокоти Иттиҳодияҳои маҳаллаҳо иштирок намуданд. Намояндагони Шабакаи бехатарии Кембриҷ тарзи кори худро бо Шуъбаи Полиси Кембриҷ баҳри беҳтар намудани муносибатҳо байни полис ва ҷавононро фаҳмонда доданд. Дар вақти сафар ба Кембриҷ ҳайати намояндагони милитсия дар патрули рузона иштирок намуданд, ба даъватҳои ба воситаи радио ҷавоб доданд ва дар машварати шуъбаи таҳлили ҷиноятӣ иштирок карданд.
Лаҳзаи хотирмони сафари омузишӣ он буд, ки ҳайати намояндагон имконияти ҳузур доштан ҳангоми намоиши эътирозии ҷамъиятиро доштанд. Аз масофаи амн намоишро мушоҳида карда иштирокчиёни сафари омузишӣ диданд, ки чӣ тавр полиси Кембриҷ бо истифодаи усулҳои пешқадами ҳамкории полис ва ҷомеа намоишгаронро идора мекарданд ва тартиби ҷамъиятиро таъмин менамуданд.
Ҳукумати ИМА омода ҳаст, ки кӯмак ва дастгирии худро баҳри беҳтар намудани қудрати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон давом диҳад. Аз соли 1992 Ҳукумати ИМА зиёда аз $984 миллион долларро барои барномаҳои кӯмакдиҳанда, ки соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятро беҳтар намуданд, ба болоравии иқтисодӣ мусоидат карданд, ба рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф кӯмак расониданд, таъмин кард.
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
ВКД Қирғизистон: “Аз ғасби ҳокимият ва ташкили бетартибӣ пешгирӣ шуд”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста