Тибқи маълумоте, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ихтиёр дорад, то имрӯз дар Либия ду шаҳрванди Тоҷикистон – корманди ширкати туркӣ Одинаев Абдуҳалим ва донишҷӯ Икромов Абдураззоқ боқӣ мондаанд.
Тавре аз департаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вазъи саломатии онҳо хуб буда, аз ҳодисаҳои Тароблус зиён надидаанд. Ҷониби Тоҷикистон аз Сафорати Россия дар Либия хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати зарурӣ ба шаҳрвандони номбурда кӯмак расонад.
Роҷеъ ба зери назорати бештари кадом нерӯҳо қарор доштани пойтахти Либиё – шаҳри Тароблус дар расонаҳои хабарӣ иттилооти зидду нақиз мунташир мешааванд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба ҷуз қароргоҳи сарвари Либиё Муаамар Қаззофӣ, нерӯҳои мухолифин дигар тамоми қаламрави пойтахтро ишғол кардаанд.
Ғайр аз ин, намояндагони Шӯрои инқилобчиён изҳор карда буданд, ки онҳо писари Муаммар Қаззофӣ – Сайфулисломро ба ҳабс гирифтаанд, вале субҳи имрӯз ӯ тавассути шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» суханронӣ намуда, гуфт, пойтахти мамлакат таҳти назорати нерӯҳои ҳукумат қарор дошта, вазъи шаҳр ором аст. Ҳамчунин намояндаи ҳукумати сарвари Либиё Мӯсо Иброҳим низ изҳор кард, ки на камтар аз 75 дарсади қаламрави пойтахт таҳти назорати ҳукумат аст.
Аммо намояндагони мухолифин таъкид месозанд, ки айни замон беш аз 95 дарсади пойтахтро онҳо ишғол карда, танҳо боздошти Муаммар Қаззофиро ғалабаи воқеъӣ мешуморанд.
То ҳанӯз макони будубоши роҳбари Либиё Муаммар Қаззофӣ маълум нест.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста