Расо 11 сол қабл, 29-уми августи соли 2000- шаҳрвандони тоҷик бори нахуст аз таркиши мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон осеб диданд .
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази Тоҷикистон оид ба масоили мина Ҷонмаҳмад Раҷабов хабар дод, аз он замон то имрӯз бар асари таркиши мина дар қаламрави марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 74 нафар шаҳрвандони тоҷик ҳалок ва боз 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
«Ҳолатҳое ҳам буданд, ки аз таркиши мина худи шаҳрвандони Ӯзбекистон низ зарар диданд, вале мо дар ин бора маълумоти дақиқ дар даст надорем. Тӯли ин солҳо ягон ҷангӣ ё қочоқбари нашъаву аслиҳ аз мина осеб надид. Танҳо шаҳрвандони осоишта қурбони мина шуданд», - гуфт Раҷабов.
Ба қавли ӯ, Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ борҳо аз Ӯзбекистон сари масъалаи баргузории гуфтушунид оид ба ҳалли ин масъала дархост кардааст, то ки харитаи қаламрави мингузоштаро дастрас намояд, вале Тошканди расмӣ то ҳанӯз инро нодида мегирад. « Феълан мо мустақилона корҳои муайян кардани макони мингузоришударо доир менамоем. Чанде қабл ду гурӯҳ дар ноҳияи Ашт кор карданд ва мо ҳисоботи онҳоро мавриди таҳлил қарор додаем. Пас аз идҳои сентябрӣ онҳо корро дар ноҳияҳои дигар идома медиҳанд», - гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, Раҷабов ҳамчунин мегӯяд, тайи ду-се соли ахир ҳодисаҳои аз мина осеб дидани шаҳрвандони тоҷик бамаротиб кам шудааст. «Дар ҳамдастӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар хатти сарҳад беш аз 2 ҳазор аломатҳои огоҳкунанда гузошта шуда, дар доираи амалисозии барномаи «Огоҳсозии аҳолии наздисарҳадӣ аз хатари мина» бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Мо кӯшиш кардем, ки ин барнома фарогири тамоми аҳолии ин минтақаҳо бошад», - гуфт ӯ.
Айни замон дар Тоҷикистон таҳқиқ ва аз мина тоза кардани боз беш аз 9 млн. метри мураббаъи қаламрав зарур аст. Ин қаламрави марзи Тоҷикистону Афғонистон ва мавзеъҳоест, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ задухӯрдҳои шадид ба вуқӯъ пайваста буданд.
«Айни замон қисми зиёди гурӯҳҳои безараргардонӣ аз мина дар самти Афғонистон фаъолият доранд. Дар минтақаи марказии ҷумҳурӣ бинобар ҳодисаҳои маълум, муддати ду сол аст, ки корҳои аз мина безарагардонӣ гузаронида нашудаанд. Ба наздикӣ мо қаламрави водии Рашт в бахусус дараи Камаробро мавриди таҳқиқ қарор медиҳем», - афзуд Раҷабов.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста