Се нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд даст ба худкушӣ заданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар оғили хонаи худ хонандаи синфи 9-уми маҳаллаи аҳолинишини Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ Н.Ш. худро ба дор овехтааст.
Ба ин монанд ҳодисаҳо дар ҷамоатҳои Ворухи ноҳияи Исфара ва Шодоби ноҳияи Ашт низ ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар ҳарду ҳолат духтарони навраси синфи 11 даст ба худкушӣ задаанд.
Сабабҳои ду ҳодисаи аввалро мақомоти додситонӣ мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Дар ҳодисаи сеюм ҷанҷоли оилавиро сабаб медонанд, вале корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 141 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (дар ҳамин давраи соли 2010 – 207 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки миёни онҳо 63 нафарашон мардон (соли 2010 – 113 нафар) ва 78 нафарашон занон (соли 2010 – 94 нафар) мебошанд.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста