Дар ҷараёни кори семинар дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии истифодаи шиканҷа мушовир оид ба ҳуқуқи инсони СММ Лилия Захариева изҳор кард, ки истифодаи шиканҷа нисбат ба террористони эҳтимолӣ бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи амали террористӣ тарзи мубориза бо террористон буда наметавонад.
«То чӣ қадре мубориза бо терроризм душвор бошад ҳам, мо бояд онро дар доираи қонун анҷом диҳем», - таъкид кард Захариева.
Номбурда гуфт, ахиран ҳукумати кишварҳои маъмули демократӣ барои дастрас кардани маълумот аз воситаҳои муайяне истифода мебаранд, ки амалан ба шиканҷа баробар аст, дар кишварҳои низоми худкома бошад, ҳукуматдорон ҷиҳати асоснок кардани сиёсати деринаи ҷазоии худ аз «ҷанги глобалӣ бо терроризм» истифода карданд.
Захариева мӯътақид аст, ки агар як маротиба ба истифодаи шиканҷа роҳ дода шуда, он бо ҳадафҳои башардӯстӣ асоснок карда шавад, тадриҷан он ба таҷрибаи маъмулии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил меёбад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми ислоҳотӣ дар масоили меъёрҳои милливу байнулмилалӣ дар соҳаи пешгирии шиканҷа аст. Номбурда таъкид кард, ки ояндаи наздик ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ оид ба шиканҷа моддаи ҷудогона ворид карда мешавад.
Феълан шахсоне, ки аз шиканҷа ва дигар методҳои ғайриқонунии бурдани тафтишот истифода мекунанд, аз рӯйи моддаҳое чун хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва суистифода аз он ва ғайра ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба онҳо ҷазоҳои ночиз таъин карда мешавад. Онҳоро ё аз мансаб сабукдӯш месозанд, ё шартан аз озодӣ маҳрум мекунанд ва баъзан афв ҳам мекунанд.
Ба гуфтаи намояндаи Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва рияои қонунияти ҶТ Зулфиқор Замонов то замоне, ки дар қонунгузорӣ оид ба шиканҷа моддаи алоҳида ҷорӣ нагардад, наметавон дар бораи вазъи истифодаи шиканҷа дар кишвар маълумоти дақиқу саҳеҳ ба даст овард.
Замонов зикр кард, ки аз соли 2007 то соли 2009 барои истифодаи амали ғайриқонунӣ 174 кормандони прокуратура, ВКД, КДАМ, судҳо, хизматчиёни низомӣ ва ғайра ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва 709 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.
Мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Музаффар Ашӯров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки Тоҷикистон соли 1995 Конвенсияи байнулмилалӣ оид ба шиканҷаро пазируфт ва аз ин рӯ, соли дуюм аст, ки барои кормандони мақомоти дахлдор чунин чорабинӣ гузаронида мешавад.
Ӯ таъкид кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд аз рӯйи нишондодҳои таҳти шиканҷа бадастомада парвандаи ҷиноӣ боз намоянд. «Гузашта аз ин, Тоҷикистон асноди байнулмилалии зиёдеро дар соҳаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонидааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ риояи муқаррароти онҳоро талаб хоҳад кард.
Дар семинар ҳамчунин зикр гардид, ки тамоми динҳои ҷаҳон низ истифодаи шиканҷаву рафтори бераҳмона нисбат ба инсонро маҳкум менамоянд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ ва шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ созмон дода шуд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста