Бинобар сабаби дар ҳавопаймои «Боинг» ҷой доштани камбуду норасоиҳои техникӣ парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» хабар доданд, халабонон баъди гузашти чанд муддате аз парвоз аз норасоии техникӣ хабардор шуда, бозгашт ҳавопайморо ба майдони ҳавоии «Домодедово»-и шаҳри Маскав фуруд овардаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, камбудиҳои начандон назарраси техникӣ пас аз якчанд дақиқаи парвоз дар соати 1:33 дақиқа ба вақти Маскав ба вуҷуд омадаанд.
«Баъди чанде камбуду норасоиҳои техникӣ бартараф шуда, «Боинг» боз ба самти Кӯлоб раҳсипор гардид. Ҳамаи 109 нафар мусофирони ин хатсайр ҳамон шаб ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд», - гутанд дар ширкат.
Ширкати «Ист Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ кард. Барои амалисозии парвозҳо ширкати мазкур дар асоси лизингӣ ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.
Тибқи маълумоти расмӣ, ҳиссаи ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» дар бозор начандон назаррас буда, ҳамагӣ 0,4% аз 1 млн. 442 ҳазор нафари мусофиронро, ки соли 2010 аз нақлиёти ҳавоӣ истифода бурдаанд, ташкил медиҳад.
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста