Ҳолати хатарнокии минаҳо дар Тоҷикистон дар соли 2011 ҳоло ҳам ташвишовар буд. Аз аввали соли 2011 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ўзбекистон таъсирнокии хатари минаҳо ҳанўз дар сатҳи баланд  боқӣ мондааст.

Ҳодисаҳои таркиш дар минаҳо ва муҳимоти натаркида (МН) дар ҷануби кишвар тасдиқ менамоянд, ки сатҳи хатарнокӣ дар ин минтақаҳо низ паст нест. Хатарнокии минаҳо ва МН асосан ҳангоми зироаткорӣ, чорводорӣ, ҷамъоварии ҳезум, алафдаравӣ, бозии кӯдакон ва дигар машғулиятҳои саҳроии аҳолии ин минтақаҳо, ки онҳо асосан бо ин воситаҳо зиндагӣ ба сар мебаранд, таҳдид менамоянд. Онҳо ба рушди кишоварзӣ ва муҳити зист,  умуман иқтисодиёти мамлакат зарари калон расонида истодаанд.

Мутобиқи маълумотҳои мавҷудбуда, аз соли 1992 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таркиши минаҳо ва муҳимоти нотаркида 470 нафар маҷрўҳ шуда, 364 нафар ҳалок гаштаанд, ки зиёда аз 30 фоизи онҳо ба кўдакон рост меояд.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2011 ҳамагӣ 5 нафар шаҳрванди Тоҷикистон (2 нафараш кўдак  мебошад) ва 1 нафар шаҳрванди Босния ва Герсеговина (мушовири техникии ташкилоти КМН) аз таркиши минаҳо ва муҳимоти нотаркида зарар диданд, ки аз онҳо 2 нафарашон ҳалок ва 4 нафарашон маҷрўҳ гардиданд.

Дар соли 2011 бевосита бо масъалаҳои тадқиқот ва безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон созмонҳои байналмилалии безарарсозии башардӯстона Фонди Швейтсарӣ оид ба безараргардонии минаҳо (ФШБМ) ва намояндагии ташкилоти Кӯмаки мардуми Норвегия (КМН) дар Тоҷикистон, ва инчунин, Дастаи поксозии башардӯстонаи минаҳои (ДПБМ) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, машғул буданд.

Дар соли 2011 дар 41 минтақаҳои хатарноки 6 ноҳия, аз ҷумла дар ноҳияҳои Панҷ, Шӯрообод, Шаҳритус, Қумсангири вилояти Хатлон ва дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвози ВМКБ  амалиётҳои тадқиқоти техникӣ ва поксозии минаҳо гузаронида шуданд.

Дар соли 2011 ҳамагӣ 38 майдон ва аз оғози барнома 87 майдони хатарнок пуррагӣ аз минаҳо тоза карда шуданд ва барои истифода ба ҳукуматҳои маҳаллӣ супорида шуданд. Ҳудуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ пурра аз хатари минаҳо тоза карда шуд.

Гурўҳҳо дар соли 2011 ҳамагӣ масоҳати замини зиёда аз 2 млн. м.кв. ва аз оғози Барнома  зиёда аз 8 млн.м.кв  тафтиш ва тоза карданд.

Дар натиҷаи амалиётҳои соли 2011  ҳамагӣ 6,496 дона минаҳои зидди пиёдагард, 2 минаҳои зиддитанкӣ ва 2,255 муҳимоти натаркида, яъне бомбаю снарядҳо, 1 бомбаи кластерӣ, 2,6 кг моддаҳои тарканда ва зиёда аз 2,096 дона тирҳои силоҳи сабук пайдо ва нобуд карда шуданд. Аз оғози Барнома ҳамагӣ 20,837 дона минаҳои зидди пиёдагард, 34 адад минаҳои зиддитанкӣ,  5,098 дона муҳимоти нотаркида, 502 дона бомбаҳои кассетӣ, 15.1 кг моддаҳои тарканда ва зиёда аз 23,909 дона тирҳои силоҳи сабук пайдо ва нобуд карда шуданд.

Дар доираи барномаи огоҳонии аҳолӣ аз хатари минаҳо мувофиқи тадқиқоти ибтидоӣ тахминан 1 млн. аҳолӣ дар 24 ноҳия зери хатари минаҳо қарор доштанд. То айни ҳол зиёда аз     400 ҳазор аҳолӣ ҳоло ҳам дар зери хатари минаҳо қарор доранд.

Дар соли 2011 фаъолиятҳои огоҳсозӣ дар 24 ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла 6 ноҳияи сарҳадии вилояти Суғд, 7 ноҳияи сарҳадии вилояти Хатлон, 5 ноҳияи водии Рашт, 5 ноҳияи сарҳадии ВМКБ ва ноҳияи Турсунзода амалӣ шуданд. Дар натиҷаи фаъолиятҳои мазкур, бо барномаи огоҳсозӣ аз хатари минаҳо, хусусан бо дониши рафтори бехатар дар минтақаҳои хатарнок, зиёда аз 70 ҳазор нафар аҳолӣ фаро гирифта шуд.

Барнома дар 331 деҳаи марбут ба 63 ҷамоати 24 ноҳияи кишвар фаъолият анҷом дод, ки аз ин 24 ноҳия 19 ноҳияи сарҳадӣ буда ва 5 ноҳияи тобеи марказ воқеъ дар водии Рашт мебошанд.

Дар соли сипаришуда дар минтақаҳои аз минаҳо хатарнок 179 нишонаҳои калони огоҳикунанда гузошта шуданд.

Дар доираи барномаи кӯмак ба ҷабрдидагон низ, дар ҳамкорӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ, дар соли 2011 фаъолиятҳои назаррасе анҷом дода шуданд.

Дар Маркази ортопедии шаҳри Душанбе маъюбон, аз ҷумла шахсоне, ки дар натиҷаи таркиши мина маъюб шудаанд, бо пои сунъӣ ва муолиҷаи дахлдор таъмин карда шуданд. Дар соли 2011 Маркази мазкур 25 шахси аз мина зарардидаро бо 26 протез (пойи сунъӣ) ва ортез ва муолиҷаи дахлдор таъмин намуд.

17 маҷрӯҳони минаҳо дар беморхонаҳои гуногуни Вазорати тандурустӣ бо хизмати тиббӣ ва офиятбахшии  дарозмуддат таъмин гардиданд.

Аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ арзъёбии эҳтиёҷотҳои ҷабрдидагони минаҳои дар ноҳияҳои зери хатари минаҳо қарор дошта, гузаронида шуд.

Зиёда аз 262 нафар ҷабрдидагони минаҳо аз ҷониби Барномаи Рушди СММ кӯмакҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию психологӣ гирифтанд.

Дар айни ҳол, бо назардошти масоҳати майдонҳои ҳамчун бехатар ихтисоршуда, аз минаҳо ва дигар муҳимот тоза карда шуда дар ҳудуди Тоҷикистон, асосан дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Минтақаи марказӣ тақрибан 9 миллион метри мураббаъ, ки зиёда аз 200 майдонҳои минаҳоро ташкил медиҳад, боқӣ мондаанд. Соли 2012 безарарсозии минтақаҳои хатарноки боқимонда давом меёбанд.

Маълумот аз ҷониби Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо пешниҳод шуд.