Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров изҳор кард, ки айни замон 15 гурӯҳҳои фаъоли машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таҳти ҷустуҷӯи фаврии агентӣ қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар тамоми гурӯҳҳои ҷиноятпешае, ки таҳти ҷустуҷӯи агентӣ қарор доранд, намояндагони макомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур дошта, аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Онҳо ба сифати «сарпаноҳ»-и гурӯҳҳои ҷиноятпеша хизмат мекунанд.
Ба андешаи директори агентӣ, яке аз сабабҳои ҳузури намояндагони мақомоти қудратӣ дар гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб беҳбуди вазъи некӯаҳволиашон аст. «Афсароне, ки дар ин амал даст доранд, виҷдону номуси афсарӣ надоранд», - гуфт вай ва илова кард, ки ин падида умумӣ набуда, танҳо дар ҳолатҳои ҷудогона ба мушоҳида мерасад.
Р.Назаров амалиёти доиргардида аз ҷониби Агентии зиддифасод бобати қатъи фаъолияти гурӯҳҳои ммашғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки дар ҳайати онҳо афсарони баландрутбаи мақомоти қудратӣ низ ҳузур доштанд, мусбат арзёбӣ намуд. «Амалиёт дар сатҳи касбии хуб ва моҳиронаву бо кордонӣ гузаронида шуд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард. Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.
Ба гуфтаи Ф.Саидов, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фархор Фаридун Умаров ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳафтаи гузашта ба фаъолияташон дар ин ноҳия хотима бахшида шуд, шомил буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин дигар афсарони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони қаторӣ низ шомиланд.
«Айни замон Фаридун Умаров ба ҳабс гирифта шуда, айбнома ба ӯ алҳол пешниҳод нашудааст», - гуфта буд Саидов ва илова кард, ки «бародар барои амали бародари худ ҷавобгар нест, ба ҳар ҳол, тафтишот қазияро ҳамаҷониба рӯшан хоҳад кард».
Фаттоҳ Саидов низ таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб бидуни пуштибонии мансабдорони воломақом амал намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Р.Назаров дар робита ба ин масъала гуфт, барои санҷиши ҳамаҷонибаи ин далел гурӯҳи муштараки тафтишотӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он кормандони агентӣ низ шомиланд. Назаров афзуд, тайи 12 соли фаъолияти агентӣ оид ба делели даст доштан дар ришваситонӣ 7 нафар кормандони он боздошт шудаанд.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста