Зимни як амалиёт дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аъзои гурӯҳи фаромиллии қочоқбарро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир сокинони ноҳияи Ванҷ, аъзои гурӯҳи қочоқбар – Собир Ардабоев, бештар маъруф бо номи Шайх Собири Ванҷӣ ва ду маротиби маҳкумшуда Назриалӣ Ҷавҳаров боздошт шуданд.
«Аз боздоштшудагон беш аз 19 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуда, муайян карда шудааст, ки ин миқдор маводро Ардабоев аз шаҳрванди Афғонистон барои фурӯш дастрас кардааст», - гуфтанд дар кумита.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боз як амалиёти махсуси дигар дар қаламрави Кӯлоб се шаҳрванди ҷумҳурӣ дастгир шуда, ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон аз пинҳонгоҳҳои махсус 6 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва 2 кило афюн дарёфту мусодира шудааст. «Аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», - афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони КДАМ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 182 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста