Тибқи нақшаи корӣ аз 5 то 11 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо дар ҳалли масъалаҳои муқарраршуда ба мувофиқаи муайян омаданд.
Мулоқот дар фазои дӯстиву ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Гуфтушунидҳо идома меёбанд. Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷонибҳо дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон барпо хоҳад гашт.
То имрӯз ҳудуди 50%-и марзи Тоҷикистону Қиргизистон муайян карда шуда, бино ба маълумоти манбаъ, сарфи назар аз мавҷуд будани маҳаллаҳои аҳолинишини қирғиз ва тоҷикнишин дар ҳар ду самт, ҷараёни гуфтушунид оид ба муайян кардани хатти марз бо Қирғизистон муваффақона идома доранд.
Масофаи умумии марзи давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар беш аз 4 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 1 ҳазор километри он марз бо Қирғизистон аст.
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста