Ду афсари нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва нерӯҳои дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқи сабабҳои садамаи чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба Афғонистон рафтанд.

Чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 2011 дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон (ISAF) кор мекард, рӯзи 11-уми феврал дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд. Бар асари садама ҳамаи чор нафар аъзои ҳайати халабонон, хизматчиёни нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи ҶТ ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, яке аз фавтидагон - сардори ҳайати халабонон писари муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майори нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ Вячеслав Грудино мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзҳои наздик ҷасади афсарони фавтида ба Тоҷикистон оварда шуда, маросими видоъ бо аъзои ҳайати чархболи Ми-8 дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар пойтахт доир мегардад. Бино ба маълумоти ВАО-и Афғонистон, айни замон ҷасадҳои афсарон ба Қандаҳор оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ то ҳанӯз ному насаби ҳамаи фавтидагон бар асари ин садамаро ифшо накардааст.

Тибқи яке аз фарзияҳо, сабаби садама шояд обуҳавои номусоид бошад, зеро замони ба садама дучор гардидани чархбол дар музофоти Зобул тӯфони шадиде ҳукмфармо будааст.