Як гурӯҳ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми курси омӯзишӣ дар Донишгоҳи Шимолу ғарбии Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия ба Душанбе баргаштанд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар ин курс кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон низ иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар курси омӯзишӣ мавзӯъҳои дорои аҳамияти муштарак, аз ҷумла, баррасии қонунгузории ФР дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, муқоисаи қонуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Федератсияи Русия бо қонунҳои ҳамсон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъи нашъамандӣ дар шаҳри Санк-Петербург, шиносоӣ бо сохторҳои ХФНМН Русия, психологияи фаъолияти опеативӣ-ҷустуҷӯӣ, қайдҳои оперативӣ-иттилоотӣ, системаи байналмилалии назорати воситаҳои нашъадор, шеваҳои омодасозии навъҳои ҷудогонаи мухаддирот, криминалистика, истифодаи сагҳои хизматӣ дар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар анҷоми курс бо ширкати кормандони Донишкада, Хадамоти федералии гумрук, ХФНМН Федератсияи Русия, АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзӯъи “Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Маркази байналмилалии пешгирии ҷинояткорӣ, Барномаи ХАС/197 Шӯрои Русия-НАТО оид ба омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар самти мубориза бо мумомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз соли 2006 то имрӯз 341 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дониши касбии худро такмил доданд. Аз ҷумлаи кормандони Агентӣ зиёда аз 80 нафар дар курсҳои такмили ихтисоси Федератсияи Русия ва Туркия иштирок намуданд.



Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста