Ҳукумати Қирғизистон ҷиҳати пешгирии вуруди ғайриқонунии маҳсулоти Чин ба Тоҷикистон, дар гузаргоҳи марзии «Қарамиқ»-и вилояти Ош посгоҳи назорати нақлиётӣ таъсис медиҳад.
ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба иттилои сомонаи ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳанд, ки қарори дахлдорро дар ин хусус нахуствазири кишвар Омурбек Бабанов ба имзо расонидааст.
Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон бинобар сабаби зиёд шудани ҳолатҳои аз ҷониби боррасонони Чин риоя нашудани муқаррароти Созишномаи байниҳукуматии Қирғизистону Чин дар бораи робитаи байнулмилалии нақлиётӣ пешниҳод гардидааст.
Дар созишномаи мазкур муайян карда шудааст, ки воситаҳои нақлиёт ҳамлу нақли колоро бояд тавассути гузаргоҳи «Иркештам» ва қатъиян мувофиқи хатсайри иҷозатшуда, яъне бо хатсайри «Иркештам-Саритош-Ош» анҷом диҳанд. Аммо нақлиёти борбари Чин тариқи гузаргоҳи «Иркештам» ба қаламрави Қирғизистон ворид гардида, аз гузаргоҳи Қарамиқ мустақиман ба Тоҷикистон раҳсипор мегарданд.
Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади ҳифзи манфиатҳои сохторҳои нақлиёти борбари ватанӣ, ки ҳамлу нақли байнулмилалии маҳсулотро анҷом медиҳанд ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши хориҷӣ қабул шудааст.
Мутобиқи қарор, дар гузаргоҳи нақлиётии Қарамиқ, воқеъ дар канори деҳаи Қарамиқи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ош посгоҳи назорати воситаҳои нақлиёти хориҷии ба қаламрави Қирғизистон воридшаванда ба фаъолият оғоз мекунад.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста