Дар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо ҳайати ширкаткунандагони мулоқоти серӯзаи гурӯҳи минтақавии кории такмили фаъолияти воҳидҳои ба шаклдарории воситаҳои нашъадор масоили вобаста ба ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, ин ҳайат, ки иборат аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои машғул ба пешгирӣ аз густариши маводи мухаддири Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ), Барномаи рушди СММ, Маркази байналмилалии таҳияи сиёсати муҳоҷират, Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, БОМНАФ ва САҲА иборат буд, 11 апрел ба Агентӣ омаданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот Директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон ва минтақа, ҳамкориҳои созанда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишварҳои ҳамсоя дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошно намуд. Ҳамзамон дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, дар мавриди фаъолиятҳои Агентӣ ва комёбиҳову дурнамои рушди он муфассал нақл кард ва ба ҳама пурсишҳои ширкаткунандагони мулоқот посух дод.
Дар ин вохӯрӣ ҳайати мазкур бо фаъолияти лабораторияи ташхиси судӣ ва Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ шинос шуда, синфхонаи компютерии омӯзиши интерактивӣ, анбори нигаҳдории мухаддирот, тафқифгоҳи муваққатӣ, тир, ҳамчунин варзишгоҳи Агентиро диданд.
Маврид ба ёдоварист, ки мулоқоти гурӯҳи минтақавии кории такмили фаъолияти воҳидҳои ба шаклдарории воситаҳои нашъаовар дар пойтахти Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, аз ҷумла дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб дасрҳои таҷрибавӣ гузаронд.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста