Сафири ИМА Кен Гросс аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба арзиши зиёда аз 480 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот тақдим намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими тақдими таҷҳизот сардори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, генерал Рустам Назаров иштирок кард. Таҷҳизоти мазкур васоити нақлиёт, василаи алоқавӣ, компютерҳо, дастгоҳҳои аккосӣ ва лавозимоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро дар бар мегирад.
Ин лавозимот дар якҷоягӣ бо барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои ҷониби Агентии назорати риояи қонунҳо оид ба маводи мухаддир (DEA) ва Шӯъбаи сафорат оид ба назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL), имкониятҳои кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон беҳтар мегардонад.
Сафири ИМА Кен Гросс иброз дошт: «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон қувваи касбӣ ва бонуфузест, ки омодагии хешро ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти ҷиддӣ бо мақсади густариш додани имкониятҳои худ, иброз намудааст. Бароям боиси ифтихор аст, ки имконият дорам, то ба онҳо кӯмак расонам».
Инчунин қайд намуд, ки ин таҷҳизот кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ беҳтар намуда, бехатарии кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро таъмин менамояд.
Хайрияи мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пешкаш гардидааст.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста