Дар ҳошияи кори машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Пекин мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таҳсил ва омодагии шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи Русияро ба имзо расониданд.
«Ин Созишнома заминаи зарурии ҳуқуқӣ барои таҳсили шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар омӯзишгоҳҳои суворовӣ ва корпусҳои кадетии Вазорати мудофиаи Русияро фароҳам меоварад», - менависад хабаргузории РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Русия Ирина Ковалчук.
Гуфта мешавад Н.Сердюков ҳамчунин бо ҳамтои қирғизи худ Таалайбек Омуралиев низ гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо асноди ҷуброни маблағи пардохт барои истифодаи макони ҷойгиршавии иншооти низомии Русия дар Қирғизистонро ба имзо расонидаанд.
«Ҳамин тариқ, мушкилоти мавҷудаи қарз барои иҷора ҳал шуда, имзои протоколи мазкур маънои пардохти қарзро дорад», - таъкид кардааст Ковалчук.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста