Шаби 1-ум ба 2-юми майи соли равон дар назди истгоҳи метрои «Выхино»-и шаҳри Москва миёни чанд нафар муноқишае ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа чанд тан, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, яке аз онҳо - Ҷумъахонов Руслан Холбобоевич (соли таваллудаш 1979) дар ҳоли ҳозир дар пажуҳишгоҳи ба номи Н. В. Склифосовскийи ш. Москва бистарӣ аст. Дигаре - Давлатов Зорро Шарофалиевич (соли таваллудаш 1977) дар шифохонаи №36-и ш. Москва зери муоинаи табибон мебошад.
Дар идома манбаъ аз шарҳи сабабҳои сар задани муноқиша, то кадом дараҷа вазнин будани ҷароҳатҳои шаҳрвандони тоҷик худдорӣ варзида, зикр кард, ки мавзӯъ мавриди пайгирии сафорат қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти нашрияи «Российская газета», кормандони пулиси ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда панҷ нафар – як сокини шаҳри Маскав ва чор нафар тоҷиконро боздошт намудаанд. Дар ҷойи ҳодиса се гилза ва як тири таппончаи травматикӣ ва ҳамчунин пораи хунолуди арматура дарёфт шудааст.
Сабабҳои сар задани муноқиша то ҳанӯз дақиқан маълум нестанд, вале аз мастиву сархушӣ ба занозанӣ даст задани иштирокчиёни муноқиша аз эҳтимол дур нест. Айни замон масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ ҳаллу фасл мешавад.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста